- ишқ
- [عشق]а. ҳиссиёти меҳру дилбастагии аз ҳад зиёд ба касе ё чизе, дӯст доштани бо эҳтирос, муҳаббати том; ишқи инсонӣ муҳаббати ҳақиқӣ; ишқи ҳайвонӣ ишқе, ки ба иқнои ҳисси шаҳвонӣ асос ёфтааст; ишқ варзидан ишқбозӣ кардан, саргарм шудан ба ишқ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.